Вазири тандурустӣ як бӯса карду истеъфо дод…
Субҳи 27-уми июни соли равон вазири тандурустии Бритониё Мэт Хэнок пас аз як ҷангҷол аз мақомаш канор рафт.
Вазири тандурустии Бритониё гуфт, ки барои «риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ» аз вазифааш истеъфо дод.
Рӯзи 24-уми июн нашрияи «The Sun” навореро пахш кард, ки Мэт Хэнок, вазири тандурустӣ Ҷин Коландҷело, ҳамкори худ дар ин вазоратро мебӯсад. Сабаби истеъфои вазирро на зиндагии шахсӣ, балки “риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ” унвон карданд.
Зоҳиран акси бусобӯсии вазир бо кормандаш замоне бардошта шудааст, ки дар Бритониё маҳдудияти шадид барои пешгирӣ аз коронавирус ҷорӣ буд. Бар асоси ин муқаррарот, афроде, ки зери як бом зиндагӣ намекунанд, ҳақ надоштанд, ки бидуни ниқоби тиббӣ вохӯранд.
Хэнок ҳангоми истеъфо иқрор шудааст, ки қонунро нақз кардааст ва истеъфо медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар Бритониё теъдоди сироятёбӣ ба коронавирус афзоиш ёфтааст. Дар як рӯзи ахир 20 ҳазор нафар ба ин вирус сироят ёфтаанд, ки дар чанд моҳи ахир чунин ҳолат сабт нашуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ