“Челси” бозгашти Контеро ба ҳайси мураббӣ баррасӣ мекунад
— Бошгоҳи футболи Лондон “Челси” масъалаи баргардонидани Антонио Контеро аз мавсими оянда ба вазифаи сармураббии даста баррасӣ мекунад,- хабар медиҳад The Independent.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти бошгоҳи инглисӣ аллакай тавассути миёнаравҳо бо итолиёвӣ тамос гирифтааст.
Рӯзи якшанбе “Челси” эълон кард, ки Грэм Поттер аз кор озод шудааст. Бруно Салтор, ки дар ҳайати мураббии ӯ буд, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста таъин шуд.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Фрэнк Лэмпард, ки аз соли 2019 то соли 2021 дастаро раҳбарӣ мекард, сармураббии муваққатии бошгоҳи футбол хоҳад шуд.
Охирин ҷои кори Конте дар «Тоттенхэм Хотспур» буд, ки 27-уми март онро тарк кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ