Чемпионати ОМ: Варзишгардухтарони тоҷик ҷойи дувумро гирифтанд

20-28-уми ноябр дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба ҳендбол миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони то 18-сола баргузор шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз кишвари мо танҳо тими бонувон ба мусобиқа сафарбар гардида, ҷои дуюмро сазовор шудаанд.

Гуфта мешавад, ки мусобиқа тибқи системаи даврӣ баргузор гардида, тими Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев чор бозӣ анҷом додааст.

Ҳендболбоздухтарони ҷавони мо дар се бозӣ муқобили дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон пирӯз шуда, аз дастаи Ӯзбекистон шикаст хӯрда ва ҷои дуюмро сазовор гаштаанд.

Дар мусобиқа миёни духтарон Ӯзбекистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои сеюмро гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *