Чемпиони тоҷик аз Эквадор бо медали тилло баргашт. Гузориши вижаи “Тоҷикистон”
Шоми 19-уми август саҳни фурудгоҳи Душанбе серодам буд. Парчамбардорону шиорбадастон бо садои дафу карнай дар фазои идона ҳама қаҳрамони ҷаҳон — Эмомалӣ Нуралиро интизор буданд. Дохили толор як сӯ гулдухтарон бо нону гулдаста ва сӯи дигар намояндагони расмӣ, аз ҷумла Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, варзишгари шинохта Дилшод Назаров, масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба истиқболи ҷаҳонқаҳрамон Эмомалӣ Нуралӣ саф ороста буданд.
Истиқболи ғайримуқаррарӣ
Пас аз вуруди Қаҳрамони тоҷик ба толор бо чашидани нону ширинӣ пешвозро иҷро ва намояндагони расмӣ ҳар яке ӯро муборакбодӣ намуданд. Ҳангоме ки Қаҳрамон аз толор берун шуд, ҷамъи дӯстону наздикон, варзишгарону мухлисон ӯро бо нидою қарсак ва карнаю сурнай истиқбол гирифтанд. Эмомалӣ Нуралӣ ҷиҳати эҳтиром ба сӯи модараш рафт ва бо ӯ вохӯрӣ намуд.
Эмомалӣ Нуралӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки барои ин мусобиқа шаш моҳ омодагии ҷиддӣ дидааст. “Машқҳои дастаҷамъӣ намудем ва заҳматҳои мо хушбахтона самара дод. Ман миннатдории худро ба Пешвои миллат ва раиси шаҳри душанбе ҷиҳати дастгирӣ баён менамоям. Дар оянда кӯшиш менамоям, ки миёни калонсолон ва дар бозиҳои олимпӣ низ мақоми аввалро соҳиб шавам. Мо бо боварӣ рафта будем ва бо медал баргаштем ва ба ин сафари тӯлонӣ низ монеае эҷод накард”,- иброз дошт номбурда.
Роҳи душвор, аммо…
Фаррух Собиров, мураббии Эмомалӣ Нуралӣ — ҷаҳонпаҳлавони тоҷик баъди ғолибияти шогирдаш мегӯяд, ки “бе мушкилӣ ҳеҷ чиз ба даст намеояд. Мушкилиҳои зиёдро мо бо Эмомалӣ паси сар намудем. Рӯзҳое буданд, ки ӯ гиря мекарду мегуфт, дигар наметавонам, вале мо аз роҳи худ ба қафо нагаштем ва хушбахтона, ба ин рӯзҳо расидем. Ҳар мураббӣ ва варзишгаре, ки сидқан кор мекунад, ҳамаи ҷоизаву медалро соҳиб шуда метавонад. Вақте 29-уми октябри соли 2020 клуби варзишии Парвиз Собировро Ҷаноби Олӣ ифтитоҳ намуданд, мо ваъда дода будем, ки қаҳрамонони ҷаҳонро ба воя мерасонем ва хушбахтона дар кӯтоҳтарин муддат ваъдаи худро иҷро кардем ва боз ҳам идома хоҳем дод. Мо кӯшиш менамоем, ки медали Бозиҳои олимпиро ба даст орем».
Ӯ исбот кард, ки доварон ноҳақанд
Устоди аввалини Эмомалӣ падараш — Нуралӣ Бобокалонов мебошад. Номбурда дар бораи чӣ гуна ба варзиш рӯ овардани писараш чунин гуфт: “Азбаски ман худам устоди варзиш, мураббии гӯштини миллӣ будам, Эмомалӣ аз 6-7-солагӣ аллакай ба варзиш рӯ оварда буд. То хатми мактаб назди худам таълими варзиш гирифт. Сипас ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шомил шуд ва машқро дар мактаби варзишии “Парвиз ва Фаррух Собировҳо” идома дод. Хушбахтона, дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ буд, ки писари ман Қаҳрамони ҷаҳон шуд. Пеш писарам дар чандин мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоян шуда буд, ҳатто дар чандин мусобиқа дар хориҷ ҳам иштирок намуд, вале ин дастоварди ӯ маро дар ҳолати шокӣ қарор дод. Ҳоло ҳам боварам намеояд, ки писари ман Қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Ҳарчанд Эмомалӣ ба варзиш шавқи зиёд дошт, вале ӯро боз ҳам ба машқу тамрин водор месохтам. Соли гузашта дар Чемпионати ҷаҳон дар Тошканд ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Дар Гурҷистон ҳам дар мусобиқае иштирок кард, вале бо ноҳақии доварон ӯро бо се танбеҳ аз рақобат маҳрум карданд. Инак, ӯ исбот кард ва қаҳрамони ҷаҳон шуд. Умед дорем, ки дар оянда миёни калонсолон ва аз Бозиҳои олимпӣ медал ба даст биёрад. Пас аз ғолибияти писарам аз ҳукумати ноҳияи Хуросон, аз тамоми ҷумҳурӣ, варзишгарон, рӯзноманигорон, дӯстон ва ҳар касе, ки суроғаамро пайдо мекунад, тамос гирифта муборакбодам мегӯяд. Падари се писар ва панҷ духтар мебошам. Се писарам рӯ ба варзиш овардаанд ва ҳар яке дар синни худ то ҷое муваффақ гаштааст”.
Мураббиёну пайвандон чӣ мегӯянд?
Сабзаалӣ Сайвалиев, устоди варзиш оид ба ҷудо ва мураббии чандин варзишгарони муваффақи кишвар ба хабарнигори “Тоҷикистон” гуфт, ки “шукр аз шароити муҳайёсохтаи Ҳукумати кишвар, ки варзишгарон озодона метавонанд кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ созанд. Воқеан ҳам, Эмомалӣ Нуралӣ арзанда аст, ки имрӯз Қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо шуд. Фахри ман аз он аст, ки шогирдонам бо истифода аз усулу малака ва мактаби варзишии мо варзишгаронеро тарбият намуданд, ки парчамбардори кишвар дар арсаи байналмилалӣ шуданд. Ҳарчанд синнам ба 74 расидааст, вале ҳоло ҳам кӯшиш менамоям, ки ба тарбияти варзишгарони ҷавон машғул бошам ва ин маро шод мегардонад”.
Директори мактаби махсуси захираҳои олимпии №6 оид ба ҷудо дар суҳбат бо мо гуфт, ки “имрӯз ҷашни варзиши тоҷик аст. Зеро имрӯз дастпарвари мактаби мо Эмомалӣ Нуралӣ Қаҳрамони ҷаҳон гардид ва ин ҳама истиқбол аз ӯст. Эмомалӣ Нуралӣ дар мактаби Парвиз Собиров тамрин мекунад, ки шомили мактаби мост. Имсол барои мактаби мо соли бобарор буд, соҳиби дастовардҳои зиёд гардидем. Танҳо аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ се медали биринҷиро дастпарварони мактаби мо соҳиб шуданд”.
Бобои Эмомалӣ Нуралӣ, ки бо шодии зиёд ва гулдаста ба истиқболи наберааш омада буд, мегӯяд, ки “агар замони шӯравӣ мебуд, чунин ҷавонон наметавонистанд парчами ватанро дар ҷаҳон парафшон созанд. Имрӯз тамоми шароит ва дастгирӣ мавҷуд аст. Набераи ман низ бо дастгриии устодонаш Парвиз ва Фаррух Собировҳо ба ин дастовард ноил шудааст”.
Рақобат дар Эквадор
Аз 10 то 13-уми августи соли равон дар шаҳри Гуаякили кишвари Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо миёни ҷавонон баргузор гардид. Ҷудокори ҷавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар ин мусобиқа шаҳди пирӯзӣ чашид ва нишони қаҳрамонии ҷаҳонро дар корномаи худ сабт намуд, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуввумин нишони Қаҳрамонии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни 66 кг қувваозмоӣ намуд. Рақиби якуми ӯ дар ин мусобиқа ҷудокори Италия — Валерио Акколи буд, ки дар дақиқаи дуюми рақобат имтиёзи “ваза — ари” ба даст овард ва то охирин дақиқа тавассути он ба рақиб пирӯз шуд.
Дар даври дуюм Эмомалӣ бо варзишгари фаронсавӣ — Максим Моунданга қувваозмоӣ намуд. Ин навбат низ Эмомалӣ Нуралӣ бо ба даст овардани “ваза — ари” ғолиби рақобат гардид. Муҳаммад Демирел — ҷудокор аз Туркия дар даври чорякниҳоӣ рақиби Нуралӣ гашт ва ҷудокори тоҷик бо истифода аз усули «де аши барай» рақибро шикаст дод ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар даври нимниҳоӣ Эмомалӣ Нуралӣ бо варзишгари Молдова — Извореану Раду қувваозмоӣ кард. Нуралӣ Эмомалӣ дар оғоз бо истифода аз усули «де аши барай» ба имтиёзи «ваза — ари» соҳиб шуд ва дар идома бо истифода аз усулҳои тактикӣ рақибро бо се танбеҳ аз майдон берун кард.
Рақиби Эмомалӣ Нуралӣ дар вохӯрии ниҳоӣ паҳлавони Ӯзбекистон — чемпиони Осиё миёни ҷавонон Азизбек Ортиқов буд. Рақобати шадид миёни ин ду варзишгар то дақиқаи охирин бе натиҷа сурат гирифт. Дар 10 сонияи охир Эмомалӣ бо усули «коши гурума» аз ҳариф имтиёзи «ваза — ари» ситонид ва дар идомаи ҳамла рақибро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дошт ва бо баҳогузории «иппон» пирӯз шуд.
Дар ин мусобиқа Эмомалӣ дар баробари дарёфти медали тилло ҳамзамон соҳиби 700 имтиёз ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 доллар гардид.
Дар таърихи гӯштини ҷудои тоҷик ин дуюмин медали тилло аз Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Нахустин медали тиллоро паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг моҳи октябри соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Нуралӣ 20-сола буда, то синфи 9 дар мактаби №47 ва то синфи 11 дар мактаби №7-и ноҳияи Хуросон таҳсил намудааст. Ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад. Баъд аз дарс дар клуби варзишии “Парвиз Собиров” тамринро идома медиҳад.
Идибеки САИД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ