Черевченко мураббии “Истиқлол”-и Душанбе мешавад
Мураббии маъруфи рус Игор Черевченко бо бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон шартномаи яксола ба имзо мерасонад.
Тавре Игор Черевченко ба хабаргузории “ТАСС” иттилоъ додааст, ният дорад рӯзи душанбе аз Маскав ба Душанбе парвоз карда, созишномаи яксоларо дар пойтахти Тоҷикистон ба имзо расонад.
“Имконоти дигар вуҷуд дошт, аммо ба Тоҷикистон бартарӣ додам”,- афзудааст ӯ.
Черевченко дар ин мақом Алишер Тухтаевро иваз мекунад, ки пас аз рафтани Виталий Левченко дар моҳи июли соли 2022 ба ҳайси мураббии дастаи “Истиқлол” кор мекард.
Бояд гуфт, ки Игор Черевченко дар Тоҷикистон, дар оилаи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши СССР ва капитани дастаи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко ба дунё омада, ба воя расидааст. Фаъолияти футболи ӯ соли 1992 дар тими “Помир” оғоз шудааст. Ӯ дар ин бошгоҳ то соли 1994 бозӣ карда, узви тими миллии Тоҷикистон буд. Мавсуф 48 сол дорад ва дар ин авохир ба ҳайси мураббии бошгоҳи “Химки” дар Русия фаъолият мекард. Вай пеш аз ин дар бошгоҳҳои “Арсенал”-и Тула, “Балтика”-и Калининград ва “Локомотив”-и Москва кор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ