Чин иддаои FBI дар бораи пайдоиши коронавирусро рад кард

Ҳукумати Чин иддаои охирини Дафтари федералии тафтишоти ИМА дар бораи пайдоиши эпидемияи “КОВИД-19”-ро рад кард ва онро беэътибор номид.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин таъкид кард, ки «масъулияти ҷомеаи истихборот барои як масъалаи илмӣ далели равшани сиёсӣ шудааст».

Ба гуфтаи ин мақоми чинӣ, натоиҷе, ки FBI ба даст овардааст, «агар вуҷуд дошта бошад ҳам, каме эътибор дорад».

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт: «ИМА бо такрори назарияи ихроҷи лабораторӣ дар бадном кардани Чин муваффақ нахоҳад шуд, балки танҳо ба эътимоди худаш зарба мезанад”.

Ин изҳороти мансабдори чинӣ пас аз он садо дод, ки Кристофер Врей — директори FBI рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо Fox News изҳор дошт, ки агентӣ бовар дорад, пайдоиши вируси “КОВИД-19” ба «эҳтимоли зиёд» аз «лаборатория» аст, ки таҳти назорати онҳо қарор дорад. Бино ба иттилои Би-би-сӣ, ин аввалин тасдиқи оммавии арзёбии махфии FBI дар бораи чигунагии пайдоиши вирус аст.

Чанд рӯз пеш расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки Вазорати энержии ин кишвар ба хулосае омадааст, ки ихроҷ аз лаборатория дар Чин сабаби эҳтимоли паҳншавии «КОВИД-19” аст.

Тадқиқоти муштараки Чин ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар соли 2021 назарияи пайдоиши ин вирусро аз озмоишгоҳ «дур аз гумон» номид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *