Чор голи Роналду дар як бозӣ
Криштиану Роналдуи 37-сола дар бозии сеюми худ дар ҳайати бошгоҳи “Ал-Наср” яку якбора ба дарвозаи “Ал-Ваҳда” чор гол зад.
Футболбози португалӣ бо ин “покер”-аш тавонист ба рӯйхати ТОП-10 нишонзанҳои чемпионати Арабистони Саудӣ шомил гардад.
Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду 10 маротиба дар як бозӣ “покер” кардааст. Яъне, муваффақ шудааст, ки дар як дидор чор гол ба самар расонад. Ва охирин “покер”-и ӯ сентябри соли 2019 бар муқобили мунтахаби Латвия буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ