Чор осорхона дар як ноҳия. Онҳо кай муттаҳид мешаванд?

Балҷувон дар минтақаи Кӯлоб ягона ноҳияест, ки чор осорхона дорад: осорхонаи марказии ноҳия, ки порсол онро Сарвари давлат ифтитоҳ бахшид, осорхонаи ба номи қаҳрамон Саидқул Турдиев, осорхонаи кишваршиносии Сарихосор, осорхонаи Мири Балҷувон.

Дар як худи осорхонаи марказии ноҳия дар як муддати кӯтоҳ қариб 3 ҳазор нигораҳои асрҳои сангину биринҷӣ ва миёна гирдоварӣ карда шудаанд. Ба қарибӣ 40 нигораҳои ба сарулибос, яроқҳои ҷангии асрҳои 6-5-и пеш аз мелод тааллуқдошта ба ин ҷо ворид карда шуданд.

Дар назар аст, ки чор осорхонаи дар боло зикргардида ба Муҷтамаи ягонаи осорхонаи марказӣ муттаҳид гардонида мешаванд.

Н. ҲАСАНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *