Чор соли татбиқи ТШСИ дар Тоҷикистон
Дар фарҷоми моҳи феврал ба санаи номзадии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) чор сол пур шуда, ҷумҳуриамон дар ҷумлаи 40 кишвари дунё ба татбиқи меъёрҳои ТШСИ шурӯъ намуд.
Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамоиши Идораи байналмилалии ТШСИ, ки 26-27 феврали соли 2013 дар Осло (Норвегия) баргузор шуд, мақоми кишвари номзад ба ТШСИ-ро гирифт.
Кӯшиши вориднамоии меъёрҳои Ташаббус шаффофияти соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) соли 2010 пайдо шуда, Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ду соли минбаъда ба ин тамоюли мураккаб омода мешуд. Ҳангоми татбиқи меъёрҳои ТШСИ дар Тоҷикистон натиҷаҳои бисёрро ноил гардид. Аз шарофати ин ширкатҳои истихроҷи Тоҷикистон дар ҷараёни пешниҳоднамоии ҳисобот фаъолтар иштирок карда, мақомоти давлатӣ бо якдигар ҳамкориро вусъат бахшида, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ширкатҳо корҳояшонро дар бобати ошкор намудани пардохтҳо пурсамартар ба роҳ монданд.
Дар минтақаҳое, ки ширкатҳои истихроҷкунанда кор мекунанд, ба мақсади ба аҳолӣ фаҳмонда додани манфиати татбиқи ташаббуси шаффофият суҳбатҳои ҷамъиятӣ ва семинарҳо доир карда, донистани ҷомеа муҳим аст, ки ин ё он ширкати истихроҷкунанда метавонад ба рушди минтақа таъсир расонад ва ҷараёни мазкурро чӣ сон назорат мебояд кард.
Тоҷикистон соли 2015 ҳисоботи миллии аввалинашро аз рӯйи ТШСИ, ки он соли 2014-ро фаро гирифта, дар он 14 ширкати истихроҷкунанда инъикос ёфта, пардохтҳои андозӣ ва ғайраи онҳо ба табъ расонда шудааст буд, пешниҳод намуд. Чунин ҳисобот дар Тоҷикистон нахустин маротиба нашр карда шуда, имкон дод, ки ба мушкилоти ҷойдошта ба таври дигар назорат баранд, камбудиҳоро ошкор намуда, роҳҳои ҳаллашро ёбанд. Албатта, натиҷа дар қиёс бо дигар кишварҳои ТШСИ на чандон бузург аст, вале барои худи ҷумҳурӣ назаррас мебошад. Ин қадами нахустини бузург ба сӯйи рушд ва беҳтар кардани муҳити инвеститсионӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Тоҷикистон дар ин самт корро давом дода, имкон дорад ба худ диди боэътимоди сармоягузорони бузургро ҷалб намояд, ки онҳо ҳамеша барои шаффофият ва ошкоррафторӣ талош меварзанд. Онҳо барои сармоягузорӣ бештар кишварҳои эътимоднокеро интихоб намуда, умед доранд, ки чашм дошташон ниҳоят дуруст хоҳад шуд. Беҳуда нест, ки ширкатҳои бузурги истихроҷкунанда – сармоягузорҳо ҷонибдори татбиқи ТШСИ мебошанд. Зиёда аз 100 сармоягузори молиявӣ ба «Изҳороти инвесторҳоро доир ба шаффофият ва дар сохтори истихроҷкунанда» имзо гузошта, бо ҳамин эълон доштанд, ки ТШСИ ва принсипҳои онро дастгирӣ мекунанд, зеро онҳо идоракуниро беҳтар карда, шаффофиятро дар саноати истихроҷкунанда таъмин менамоянд.
Инвесторҳо дар изҳороти худ далелҳои зеринро баҳри дастгирии ТШСИ иброз кардаанд: «Мо, инвесторҳои бо ширкатҳои тамоми дунё коркунанда бовар дорем, ки ширкатҳои аз ҷониби мо сармоягузоришуда дар доираи кордонӣ судманд фаъолият карда, ба қонун муътадил, шаффоф ва эҳтиромона рафтор мекунанд. Ин омилҳо барои таъмини беҳдошти иқтисодӣ ва муттаҳидии иҷтимоӣ комилан зарур буда, дар навбати худ ба шукуфоии ширкатҳое, ки мо сармоя мегузорем, мусоидат мекунанд. Аммо ин омилҳо аксар вақт бар асари меъёрҳои бади идоракунӣ ва шаффофияти нопурра татбиқи худро намеёбанд, ки ба доираи бизнес таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар соли 2007 инвесторони молиявие, ки ТШСИ-ро дастгирӣ менамоянд, дар активҳои худ беш аз 12 триллион доллари ИМА доштанд, соли 2009 маблағи мазкур ба 16 триллион доллари ИМА расид. Ба соли 2013 ҳаҷми активҳо 19 триллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Инро ба назар гирифта, гуфтан мумкин аст, ки сармоягузории масъулиятноки иҷтимоӣ дар идоракунии бизнес ба муддати солҳои бисёр нақши муҳимтар хоҳад бозид.
Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ТШСИ
Дар Тоҷикистон муоҳидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки моҳи августи соли 2011 таъсис дода шудааст, дар ҳайати худ 31 ТҒҲ ва таҳлилгарро муттаҳид сохта, ягона иттиҳодияи ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба татбиқи ТШСИ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Муоҳидаи ИҶШ ташаббускори шомилшавии Тоҷикистон ба ТШСИ буд.
Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бароҳандозии системаи робитаҳо, табодули таҷрибаҳо ва машваратҳо бо дигар мамлакатҳои ТШСИ дар минтақа, аз ҷумла, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина фаъолона иштирок менамоянд.
Муоҳида ба ташаккули сиёсат ва коркарди қарорҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ саҳм мегузорад. Аз ҷумла, дар асоси номаи раиси Шӯрои ТШСИ ду узви Шӯрои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба коркарди лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодабарии захираҳои зеризаминӣ» дар таҳрири нав ворид шуда буданд. Ба шарофати ҳамкории намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар гурӯҳи мазкур як зумра моддаҳо доир ба татбиқи ТШСИ ба лоиҳаи номбурда пешниҳод гардидааст, ки алҳол мавриди баррасии Ҳукумати ҶТ қарор доранд.
Моҳи декабри соли 2016 бо иқдоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳокимаи парламентӣ доир ба масъалаҳои инкишофи соҳаҳои истихроҷкунанда бо назардошти татбиқи ТШСИ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Ин имкон медиҳад, ки вакилонро ба ташаббус ва пурра ба мақоми қонунгузории мамлакат ҷалб намояд.
Раванди татбиқи ТШСИ дар кишвар ба самти дуруст равона карда шудааст. Ташаббус ба ҷомеаи шаҳрвандӣ зимни омодасозии ҳисобот дар бораи ҷамъоварии пешакии маълумот ва машваратҳо бо шахсони манфиатдор мадад мерасонад, баҳри баргузории мубоҳисаҳои ҷамъиятӣ доир ба мавзӯъҳое, ки солҳои пешин «мамнӯъ» маҳсуб меёфтанд, имконияти бештар фароҳам орад.
Дар нимаи дуюми соли 2017 Ҳисоботи миллии дуюми Тоҷикистон оид ба ТШСИ интишор хоҳад шуд. Ин дафъа он зиёда аз 30 ширкати истихроҷкунандаро фаро хоҳад гирифт, ки дар байни онҳо корхонаҳои истихроҷи тилло, нуқра, рӯҳ, сурб, ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ