Чор узви як хонавода аз рӯди Сир наҷот дода шуданд (аудио)

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳандозии як амалиёти муваффақ чор нафареро, ки қариб буд дар дарёи Сир ғарқ шаванд, наҷот доданд.

Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса рӯзи 11-уми июн, тахминан соати 14:40 дақиқа рух додааст. Чор нафар сокинони кӯчаи Холмуродови ноҳияи Ҷабор Расулов ҳангоми шиноварӣ дар ҷои манъшуда барои оббозӣ дар мавзеи истироҳатии Наврӯзгоҳи дарёи Сир аз надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудаанд.

— Амалиёти саривақтии наҷотдиҳандагони Кумита дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ки дар соҳилҳои дарё навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ мондаанд, сабаби наҷоти саривақтии онҳо шуд. Ҳамаи онҳо узви як хонадон будаанд, ки яке 37-сола буда, се нафари дигар аз 10 то 13 сол доштаанд,- меафзхояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *