Cобиқ сардори Раёсати зиндонҳои Суғд даргузашт
Абдуҷамил Шукуров, собиқ сардори Раёсати зиндонҳо дар вилояти Суғд дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.
Ӯ барои табобат ба Бемористони клиникавии Суғд бо иллати “илтиҳоби шуш” интиқол шуда буд, вале рӯзи 25 сентябр ҷон ба ҳақ супурд.
Ӯ бештар аз 40 сол дар муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанди вилояти Суғд кор кардааст.
Аз ҷумла то соли 2002, ҳудуди бист сол сардори зиндони № 3/5 дар шаҳри Хуҷанд буд. Соли 2003 ба ибтикори Шукуров дар вилояти Суғд, Раёсати зиндонҳо таъсис дода шудааст. Аз 2003 то соли 2009 Шукуров дар вазифаи сардори ин Раёсат кор карда, сипас ба нафақа баромадааст.
Ҷанозаи Абдуҷамил Шукуров дар зодгоҳаш деҳаи Хистеварз баргузор шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ