Alif mobi дар Ӯзбекистон ҳам фаъол шуд (аудио)

Абдулло Қурбонов, ҳаммуассиси “Алиф Бонк” хабар дод, ки alif mobi-ро дар кишвари ҳамсоя — Ӯзбекистон фаъол намудааст.

Ӯ изҳори хушнудӣ намудааст, ки ин барнома ба истифодабарандагон сабукӣ меорад.

“Умедворем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба ҳар як истифодабарандаи барнома осонӣ биёрем. Ташаккур ба Алифиёни азиз, ки зиёда аз як сол барои ба сатҳи байналмилалӣ бардоштани alif mobi меҳнатҳои ғайриоддие карданд.  Албатта, кор ҳоло дар ибтидояш аст. Чӣ дар Тоҷикистон, чӣ дар Ӯзбекистон ва чӣ дар давлатҳои дигаре, ки қадам хоҳем ниҳод, дуоҳои шумо, мизоҷони азизамон, муроҷиатҳои шумо, шикоятҳову пешниҳодҳои шумо моро беҳтар мекунанд. Ташаккур, ки бетараф нестед.”- чунин нигоштааст Абдулло Қурбонов дар Фейсбук.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.