Бо «Қоидаҳои нав» аз Tcell трафики шумо ба моҳи оянда интиқол меёбад!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар — ширкати Tcell лоиҳаи «Қоидаҳои нав» -ро пешниҳод менамояд. Тибқи Қоидаҳои нав, дар тарофаҳои нақшавии маъмул ва серталабот, аснои пардохти саривақтии пардохти муштарӣ, мегабайтҳои масрафнашудаи Интернети мобилӣ дар тӯли як моҳ намесӯзанд — онҳо ба моҳи оянда интиқол дода мешаванд!

Чизи аз ҳама муҳим дар зиндагӣ иртиботи бемаҳдуд ва роҳат барои муошират бо наздикон, табодули комёбиҳову эҳсосот мебошад. Ҳар кадоме аз мо талош менамоям, ки чизи муҳим ва азизамонро ҳифз ва эҳтиёт кунем. Маҳз барои ҳамин,  Tcell «Қоидаҳои нав» -ро роҳандозӣ мекунад: тамоми трафики интернети мобилӣ дар ихтиёри муштарӣ боқӣ мемонад, ҳатто агар ӯ дар моҳи равон онро сарф карда натавониста бошад! Мегабайтҳои истифоданашуда ба моҳи оянда гузаронида мешаванд.

Ҳангоми таҳияву коркарди тарофаҳо ва пешниҳодҳои беназир, Tcell ҳамеша манофеъву ниёзҳои муштариёнро ба назар мегирад. Аз ин рӯ, Tcell бисёр вақт барои муштариён тахфифҳо, аксияҳои бонусӣ ва лоиҳаҳо ба монанди «Қоидаҳои нав» -ро пешниҳод менамояд.

Шумо наворро дар бораи «Қоидаҳои нав» аз ин пайванд тамошо карда метавонед: https://www.youtube.com/watch?v=79rbLqhc9Os

Барои шинос шудан бо ҷадвали тарофаҳое, ки «Қоидаҳои нав» дар онҳо дастрас мебошанд, дар сомона маълумот гирифтан мумкин аст:  https://www.tcell.tj

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *