Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Интернет ҳамчун тӯҳфа ба муштариёни Tcell

Ширкати Tcell иқдоми «Интернет- ҳамчун тӯҳфа» -ро эълон менамояд, ки дар он муштариёни ширкат ҳангоми пур кардани тавозунашон бастаи Интернети мобилиро ҳамчун тӯҳфа мегиранд. Ҳар қадар, ки маблағи пуркарда зиёд бошад, ҳамон қадар бастаи Интернети тӯҳфа бештар мешавад!

Барои иштирок дар аксия шартҳои душворро иҷро кардан ё ба қайд гирифтан ва пардохти ҳеч гуна комиссия зарур нест, маблағи ҳисоб ба пуррагӣ ба тавозуни муштарӣ гузаронида мешавад. Ҳар муштарӣ имкон дорад ба таври инфиродӣ дар бораи шартҳои пур кардани тавозун ва ҳаҷми трафики тӯҳфа бо рақами кӯтоҳи 255 маълумот гирад. Бастаи тӯҳфаи Интернетро дар як моҳ як дафъа гирифтан мумкин аст.

Дар фаъолияти худ, ширкати Tcell мунтазам аксияҳо мегузаронад, ба муштариён тахфиф ва хидматҳои беназирро пешниҳод мекунад, ҳамчунин онҳоро дар мақоми бартарӣ мегузорад.    Иқдоми «Интернет- ҳамчун тӯҳфа» ҳадяи ширкат ба муштариён ба унвони содиқ будан ва интихоби Тсеll ҳамчун оператори алоқа мебошад.    

 Tcell  — бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.