Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Tcell ба ҳама тоҷикистониён, ки имсол 20-сола мешаванд ба муносибати солгардаш ҳадя медиҳад!

Дар соли 2020 оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell солгарди худро ҷашн мегирад: 20 сол боз Tcell ба тоҷикистониён технологияҳои муосирро пешниҳод карда, рушди бахши телекоммуникатсионии кишварро суръат мебахшад!

Tcell аз ҳар як муштарӣ, ки Tcell -ро ҳамчун оператори телекоммуникатсионии худ интихоб менамояд, самимона қадрдонӣ мекунад. Ва ба сифати ҷашни солгарди худ, ширкат барои сокинони Тоҷикистон эътои тӯҳфаҳо ва ҷоизаҳои писандида, инчунин бонусҳоро ба нақша гирифтааст.

Ширкат яке аз аввалин иқдомҳои идонаи худро эълон менамояд: ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки имсол 20-сола мешавад (ҳамсинни Tcell) рақами нуқрагӣ ҳадя хохад кард! Барои ин зарур аст, ки ба ягон маркази хизматрасонии ширкат бо шиноснома муроҷиат намоед.

Tcell бо ифтихор дар саргаҳи суръатбахшии рушди технологии Ватан қарор дошта, ба оянда боэътимоди қавӣ менигарад. Бо шарофати ҳар як муштарӣ мо дар ҷодаи рушди технологӣ ва тақвияти ин бахш ба фардои аз ин беҳтар мерасем!

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj