Tcell ба ҳамаи ҷуфтҳое, ки 20-солагии тӯйи арӯсии худро ҷашн мегиранд, тӯҳфаҳо тақдим мекунад!

Дар соли 2020 оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell солгарди худро таҷлил мекунад: 20 сол боз Tcell ба тоҷикистониён технологияҳои муосирро пешниҳод карда, рушди бахши мухобироти кишварро суръат мебахшад!

Tcell аз ҳар як муштарӣ, ки Tcell -ро ҳамчун оператори телекоммуникатсионии худ интихоб менамояд, самимона қадрдонӣ мекунад. Ва ба сифати ҷашни солгарди худ, ширкат барои сокинони Тоҷикистон эътои тӯҳфаҳо ва ҷоизаҳои писандидаро ба нақша гирифтааст.

Иқдоми дигари ҷашнии Tcell: ҷуфтҳое, ки имсол тӯйи «чинӣ» — 20 солагии издивоҷашоро таҷлил мекунанд, аз ширкат рақамҳои нуқрагии ҷуфтро мегиранд! Барои ин дар яке аз марказҳои хизматрасонии муштариён шаҳодатномаи ақди никоҳро нишон додан зарур аст.

Tcell бо ифтихор дар саргаҳи суръатбахшии рушди технологии Ватан қарор дошта, ба оянда боэътимоди қавӣ менигарад. Бо шарофати ҳар як муштарӣ мо дар ҷодаи рушди технологӣ ва тақвияти ин бахш ҳастем! 

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *