Tcell ба маъмултарин опсияҳои Интернетӣ тахфиф эълон менамояд

Оператори  пешсаф ва навовари кишвар –ширкати Tcell ба муштариён тавсия мекунад, ки аз пешниҳодоти муфиду қулай истифода баранд: опсияҳои G3000, G5000 ва G10000-ро бо тахфифи 50% пайваст намоянд!

Нархҳо барои опсияҳои мазкур 2 маротиба арзон шудаанд, яъне муштариён метавонанд 2 маротиба бештар трафики Интернет дарёфт кунанд.

Масалан, опсияи G5000, ки 5000 Мб Интернет дорад, ба ҷои 100,92 сомонӣ акнун ҳамагӣ 50,46 сомонӣ барои як моҳ арзиш хоҳад дошт!

Рӯз аз рӯз талаботи муштариён меафзояд: зарур аст, ки онҳо ҳамеша бо пайвандону наздикон ва ҳамкорон иртибот дошта бошанд, аз навигариҳо огаҳӣ пайдо кунанд,  ба таври онлайн дарс хонанду кор кунанд, маводро боргирӣ намоянд, филму наворҳои калонҳаҷмро тамошо кунанд. Тахфифи 50% ба Интернет опсияҳои G –беҳтарин василаи идеалӣ барои истифодаи Интернет ва ду баробар бештар муошират кардан бо онҳоест, ки бароятон азиз мебошанд.

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – Tcell дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дар мадди аввал ба хоставу ниёзҳо ва талаботи муштариён таваҷҷӯҳ мекунад. Маҳз барои ҳамин, ҷадвали тарофаҳо ва опсияҳои Интернетӣ коркард шуда, ба талаботи муосир мутобиқ мешаванд ва муштариён аз ин пешниҳоду тахфифҳо метавонанд роҳат истифода баранд.

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *