Tcell барои ҳаводорони варзиш порталро роҳандозӣ кард

Оператори пешсаф ва навовари кишвар –ширкати Tcell портали «Tcell Спорт»- http://sport.tcell.tj -ро барои ҳамаи мухлисон ва дӯстдорони варзиш ба роҳ андохт.

Дар портал тозатарин ва муҳимтарин ахбори варзишӣ ҷамъ оварда шудааст. Дар ин ҷо бо натиҷаи мусобиқаҳо ва ҷадвали бозиҳои варзишӣ шинос шудан мумкин аст. Ҳамчунин, дар ин пойгоҳи хабарӣ бахши «Навор» мавҷуд буда, дар он шавқовартарин  ва беҳтарин шарҳу тавзеҳоти варзишӣ ва таҳлилҳои соҳавӣ ҷо дода мешаванд.

Ҳамаи ин бо беҳтарин сифат ва дар ҳама намуди таҷҳизот (гаҷетҳо) дар дилхоҳ лаҳза ва макону минтақае, ки фарогири 3G ва 4G аз Tcell мебошанд, дастрас хоҳад буд! Ҳамагӣ бо 1 сомонӣ дар 1 рӯз имкон доред, аз ҳама гуна хабарҳои олами варзиш бохабар бошед!

Барои обунашавӣ фармони *1191*7# -ро иҷро намоед ва ё ба худи пойгоҳ (портал) обуна шавед: http://sport.tcell.tj

___________________

 Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *