Tcell барои иртибот бо наздикон тарофаи нақшавии «Чӣ Гап 30»- ро пешниҳод менамояд

Оператори навовар ва пешсафи кишвар – ширкати Tcell аз роҳандозии тарофаи нақшавии «Чӣ Гап 30» барои муошират бо онҳое, ки азиз ҳастанд, эълон медорад. Бартарии асосии тарофаи мазкур – дар хориҷи Тоҷикистон низ фаъол боқӣ мондани бастаи дақиқаҳо мебошад!

Тарофаи нақшавии «Чӣ Гап 30» дорои 100 мегабайт бастаи интернет ва бастаи 300 дақиқа мебошад, ки онҳоро тавассути замимаи мобилии «Чӣ Гап» низ истифода бурдан мумкин аст.  Зангҳо аз барномаи «Чӣ Гап» ба «Чӣ Гап» дар ин ҳол комилан ройгон мебошанд.

Пардохти муштарӣ барои тарофа– 30 сомонӣ дар як моҳ.

Пайвастшавӣ бо фармони *500*7#.

Тcell ҳамеша аз талабот ва хостаҳои муштариён огоҳ буда, аз онҳо истиқбол менамояд. Ширкат муҳимияти иртибот бо наздикону пайвандонро дарк мекунад, алалхусус вақте ки онҳо дар хориҷа қарор дошта бошанд. Маҳз барои ҳамин ширкат тарофаву опсияҳоеро коркарду роҳандозӣ менамояд, ки новобаста аз дурии масофа одамонро боз ҳам ба ҳамдигар наздиктар месозанд.

Тафсилоти бештар дар бораи тарофаи нақшавии «Чи Гап»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/chigap-30.php

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *