Tcell дар дафтари минтақавии Мӯъминобод давраҳои таълимӣ барои ҷавононро оғоз намуд

 Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell дар дафтари минтақавии худ, ки чанде қабл дар Мӯъминобод ифтитоҳ шуда буд, барои ҷавонон дарсҳои таълимӣ ва давраҳои бозомӯзиро оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир дар ин марказ аллакай курсҳои компютерӣ, курсҳои омӯзиши забони англисӣ, китобхонаи электронӣ ва маҳфили фаъолият доранд. 

Tcell ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, дар ин росто сармоягузорӣ мекунад ва имкониятҳои ҷадидро барои худомӯзиву фарогирии малакаҳои нав муҳайё месозад.  

Дар дафтари марказии Tcell дар Мӯъминобод маҷмааи таълимӣ ҷойгир аст. Он аллакай барои даҳҳо ҷавон курсҳои омӯзиши роёнаро оғоз кардааст. Инчунин, дар ин ҷо курсҳои забони англисӣ ифтитоҳ шуда, дари китобхонаи электронӣ дар бинои маъмурӣ барои ҳама боз аст.

Дар ҳудуди бино ва боғи нави истироҳатии шафати маркази хизматрасонӣ, Tcell барои роҳати донишҷӯён ва мактаббачагоне, ки дар давраҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, дастрасии ройгон ба интернети Wi-Fi-и ширкатро фароҳам овард.

Дар ошёнаи дуюми бино мактаби рассомӣ ҷойгир аст, ки дар он ҷавонони Мӯъминобод аз мусаввирони машҳури кишвар дарс гирифта, дар навбати худ рассомони касбӣ барои хоҳишмандон мастер-класс мегузаронанд.

Дар ошёнаи якуми бино, маркази хизматрасонии минтақавӣ ҷойгир буда, барои муштариёни ширкати Tcell ҳама намуди хизматрасониро пешниҳод месозад.

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *