«Tcell – Футбол ба назди шумо меояд»

Лигаи футболи кӯдакон «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» ба анҷом расид ва беҳтарин футболбозони навраси Тоҷикистонро муайян кард.

Дар Лигаи футболи бачагонаи «Футбол ба назди шумо меояд» тақрибан 20 000 кӯдакон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Мавсими ҳаштуми Лигаи футболи маҳалии «Футбол ба назди шумо меояд» дар Душанбе, НТМ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба анҷом расид. Шарики анъанавӣ ва сарпарасти лига оператори пешсаф ва навовари кишвар -ширкати Tcell буд.

Мавсими ҳаштуми лоиҳа дар ду марҳила дар байни кӯдакон дар се категорияи синну сол – на бузургсолтар аз 7, 9 ва 11-солаҳо  гузаронида шуд. Дар ҳар як категория ва дар ҳар як минтақа, ин мусобиқа дастаҳои пурқувват ва беҳтарин бозигаронро муайян кард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт бошад, мусобиқоти футбол миёни наврасони боистеъдод ҳамакнун оғоз мегардад: мавсими ҳаштуми  «Футбол ба назди шумо меояд» моҳи май шурӯъ мешавад.

Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа дар ниҳоди кӯдакон парваридани муҳаббат ба футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Tcell бо дастгирии Лигаи кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд «, дар ҳаққи насли наврас ғамхорӣ мекунад, зеро маҳз дар кӯдакӣ ҷавҳари дарки тарзи ҳаёти солим гузошта мешаванд.

Лигаи футболи кӯдакон » Tcell – Футбол ба назди шумо меояд » дар соли 2021 ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии ширкати Tcell бахшида мешавад.

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *