COVID-19. Беморон, шифоёфтагон ва фавт дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки то соати 20:00 дақиқаи 6 июн  дар кишвар   4453 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардид.  Аз  ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2583 нафар шифо ёфтаанд, ки ин ба 58% баробар мебошад.

Тибқи иттилои вазорат,  дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд. Вазорат мегӯяд, ки то 6 июн дар кишвар 1265 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорати тандурустӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *