COVID-19: Даргузашти ҳамсари Саидалӣ Маъмур. Худи шоир бистарист!
Ҷанозаро рост аз бемористон ба қабристон барда дафн карданд. Маросими дуову фотеҳа дар хонаи шоир бегоҳ баргузор шуд
Ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур – Роҳат дирӯз дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе, дар синни 72 солагӣ аз олам даргузашт. Яке аз пайвандони шоир ба pressa.tj сабаби марги марҳумро сироятёбӣ аз короновирус арзёбӣ кард.
“Ҷанозаро рост аз бемористон ба қабристон барда дафн карданд. Маросими дуову фотеҳа дар хонаи шоир бегоҳ баргузор шуд”-гуфт номбурда.
Ба иттилои ин манбаъ худи Саидалӣ Маъмур ҳам бо гумони сироят ёфтан аз короновирус бистарӣ аст. Табибон вазъи шоирро муътадил гуфтаанд.
Роҳат, ҳамсари Саидалӣ Маъмур 72 сол дошта, солҳои ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият кардааст.
Саидалӣ Маъмур 76 сол дошта, яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ