COVID-19. Омори нави мубталоён ва шифоёфтагон дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон гирифторони бемории коронавирус аз 30 апрел то 28 июн ба 5849 нафар расидааст. Танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 50 ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор гардидааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 4448 (76%) нафар аз COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.
«Шабонарӯзи охир 271 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 57 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.
Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ