COVID-19: Вазорат ба иштирок дар тадқиқот даъват мекунад
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажуҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л. Пастери Федератсияи Россия тадқиқоти миллӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19-ро аз 14 то 19-уми марти соли 2022 мегузаронад.
Бино ба иттилои вазорати мазкур, хоҳишмандон барои иштирок дар тадқиқоти мазкур метавонанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон дар шаҳри Душанбе ба марказҳои саломатии шаҳрии №1, 8, 9, 10, 12, 13 ва 14, дар шаҳри Турсунзода ба КАТС ва БМШ (муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Беморхонаи марказии шаҳрӣ), дар шаҳри Ваҳдат ба КАТС ва БМШ, дар шаҳри Ҳисор ба МНДСЭ (Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ), дар вилояти Хатлон ба МВНДСЭ (маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ)-и шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, дар вилояти Суғд ба МВНДСЭ ва КАТС-и шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба КАТС ва МНДСЭ, дар шаҳри Истаравшан ба КАТС ва МНДСЭ ва дар шаҳри Исфара ба КАТС ва МНДСЭ муроҷиат намоянд.
Гуфта мешавад, ки бақайдгирӣ барои иштирок дар тадқиқот дар нуқтаҳои муайяншудаи шаҳру навоҳии кишвар ба тариқи электронӣ сурат мегирад. Онҳое, ки хоҳиши иштирок дар тадқиқот доранд, метавонанд аз тариқи онлайн сабти ном гузаранд, то бо истифода аз гиперҳавола https://pasteurclinic-anketa.ru/all_antitela.php?reg_id=104) ширкат кунанд. Пас аз бақайдгирӣ, ба суроғаи почтаи электронӣ, ки дар он нишон дода шудааст, мактуб фиристода мешавад, ки дар он клиникаеро интихоб кардан мумкин аст, ки барои боздид қулай аст.
Вобаста ба масъалаи мазкур агар саволе пайдо шавад, ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба COVID-19 муроҷиат намуда, маълумоти дақиқро дастрас кардан мумкин аст.
— Ташхис барои муайян намудани масунияти шаҳрвандон нисбат ба сирояти COVID-19 ройгон мебошад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ