Даъвати Ислом Каримов ба Тоҷикистон аз суйи Эмомалӣ Раҳмон
Мулоқоти рӯ дар рӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар Тошканд баргузор шуд.
Расиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои узбакаш ҳамкориҳои дунҷобина байни Тоҷикистон ва Узбакистонро баррасӣ кард.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои узбакаш Ислом Каримов оид ба ҳолати мавҷуда ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, дарёфти роҳҳои нави рушд ва густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногунро мавриди муҳкима қарор доданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбат гуфтааст:“Ҷонибҳо аз раванди таҳкими судовари робитаҳо, аз ҷумла болоравии ҳаҷми гардиши мол ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноат карданд. Инчунин мавзуъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун шарти суботи иҷтимоию сиёсии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд”.
Дар поёни дидор, Эмомалӣ Раҳмон аз Ислом Каримов даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон дар вақти мусоид сафари расмӣ анҷом диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ