«Ҷанҷол»-и Анқара, Теҳрону Кобул барои осори Мавлоно. Душанбе хомуш аст?

Президенти Афғонистон дар суҳбат бо Вазири умури хориҷии Туркия гуфт, Кобул омадааст, барои сабти номи осори Мавлоно ба унвони мероси муштараки фарҳангӣ бо Анқара ҳамкорӣ кунад.

Дафтари матбуоти президенти Афғонистон хабар дод, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи гузашта дар дидор бо Човуш Оғлу, вазири умури хориҷии Туркия аз омодагии кишвараш барои сабти номи осори Мавлоно ба унвони мероси муштараки фарҳангии ду кишвар хабар дод.

Ин тасмим аз суйи Ашраф Ғанӣ дар замоне гирифта мешавад, ки тайи як ҳафта боз расонаҳо аз ҳамкории дуҷонибаи Туркия ва Эрон барои сабти номи осори Мавлоно дар Юнеско ба унвони мероси муштараки фарҳангӣ хабар медиҳанд.

Бояд гуфт, пас аз он ки Туркия ва Эрон гуфтанд, «Маснавӣ»-и Мавлонои Балхро ба унвони мероси муштараки фарҳангӣ дар Юнеско сабти ном мекунанд, Афғонистон нисбат ба ин тасмим эътироз намуда, аз меросбари ин осор буданаш хабар дод.

Он замон Афғонистон бо пахши эътирознома гуфта буд, ки Мавлонои Балх зодаи Афғонистон аст ва осори ӯ бояд ба исми Афғонистон сабти ном шавад.

Тасмими Эрон ва Туркия хашми равшанфикрони тоҷикро ҳам барангехт ва онҳо гуфтанд, ки Туркияи ба ин мероси муштараки фарҳангии форсизабонон ҳақ надорад. Аммо ҳанӯз мақомоти тоҷик нисбат ба ин қазия изҳороте пахш накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *