Далер Назаров дар Русия мухлисонашро ба ҳайрат овард
Дар шаҳри Москва консерти ҳунарманди номдори ду аср, маэстро Далер Назаров баргузор шуд.
Гарчанде рӯзи консерти ин ҳунрманди асил ба нахустин рӯзи ҳафта, ки серкортарин барои мардуми Москва аст, рост омад ва нархи чиптаҳо на он қадар арзон (аз 2500 то 15 ҳазор рубл) буд, вале толор пур аз мухлисон шуд.
Ба гуфтаи шоҳидон, аз дари даромад тамошобинонро духтарони кокулдароз бо тоқиҳои зардӯзии тоҷикӣ пешвоз мегирифтанду то ҷойи нишасташон онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд.
Чунин менамуд, ки кас дар Тоҷикистон қарор дорад, вале ҳузури намояндагони миллатҳои гуногун, аз қабили русҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо ва дигарон боз аз пойтахти Русия дарак медод.
Далер Назаров тавонист бори дигар кишварҳои пасошӯравиро якҷо кунад. «Моро ба ин ҷо ишқ овард ва мо барои васл кардан омадаем»,-гуфт Далер Назаров.
Дар баробари сурудхонӣ Далер Назаров наю чанг ҳам ба даст мегирифт, ки аз ҷониби мухлисон бо кафкӯбиҳои хос пазироӣ мешуд. Ҳар як овозкашиҳои Далер Назаров мухлисонро ба ваҷд меовард ва таҷҳизоти равшанидиҳанда бо ҷӯр шудан ба ин овозкашиҳо ба консерт ҷаззобияти махсус мебахшид.
Далер ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва шуғнонӣ сароид. Маълум буд, ки аксарияти мухлисон ин забонҳоро хуб балад набуданд, вале ҳамагонро мусиқии асил якҷо карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ