Данғара: Президент “Файзи Алӣ”-ро ба истифода дод
Дафтари матбуоти Президенти кишвар хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ”-ро ба истифода дод.
Ба иттилои манбаъ, иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин бунёд карда шудааст ва 25 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд.
Иқтидори лоиҳавии корхонаи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз коркарди 25 тонна ашёи хом ва омода намудани 3,5 тонна равған мебошад.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бастубанд иборат буда, равғани растанӣ дар зарфҳои пластикии 1, 2, 3 ва 5 литра ҷой карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис дода шуда, дар он аз зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ