Дар Қазоқистон беш аз 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз сардӣ наҷот ёфтанд

Мақомоти Қазоқистон шаби 13 ба 14-уми январи соли 2024 дар вилояти Оқмола 65 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як кӯдаки 10-сола ва 14 занро, ки автобусашон дар ними роҳ вайрон шуда буд, аз сардӣ наҷот додаанд.

Дар ин бора Телеграм-канали пулиси Қазоқистон хабар додааст.

Манбаъ мегӯяд, автобуси ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз шаҳри Сургут ба Тоҷикистон роҳсипор буд, ба иллати кафидани лӯлаи ҳавояш вайрон шудааст.

Муҳоҷиронро дар ҳоле аз ними роҳ берун оварданд, ки ҳаво шабона дар ин минтақа то -26 дараҷа сард шуда, ҳаракати нақлиёт ба далели сардӣ расман манъ карда шудааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон то боз шудани роҳ ва барқарор шудани равуо дар ҷои гарм мондаанд.

Дар моҳи декабр низ мақомоти Қазоқистон 26 шаҳвранди Тоҷикистонро, ки дар роҳи сафар автобусашон вайрон шуд, аз сардӣ наҷот дода буданд.

Бояд гуфт, ки бо далели гарон будани чиптаҳои ҳавопаймои Русия ва Тоҷикистон аксари муҳоҷирон тавассути автобус ба ватан бармегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *