Дар Қазоқистон тайёраи Ан-26 ба замин афтод, кушташудагон ва захмиён ҳастанд
Пас аз суқути ҳавопаймо сӯхтор сар зад
Ҳавопаймои Ан-26 баъд аз зӯҳри 13 март дар Қазоқистон ба замин афтод. Вай дар масири Нур-Султон ба Алмаато парвоз мекард. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳавопаймо ба хадамоти марзбонӣ тааллуқ дошт. Ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан дар наздикии фурудгоҳи Алмаато суқут кард. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, дар натиҷаи садама чор нафар ҳалок шуданд, ду нафари дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ҳоли ҳозир, дар бораи вазъи саломатии онҳо дигар иттилое нест. Айни замон, 10 гурӯҳи эҳёгарии таъҷилӣ,15 мошини изтирории шаҳри Алма-Ато ва вилояти Алмаато, хадамоти фурудгоҳ, отряди ҷумҳуриявии оперативӣ-наҷотдиҳии Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон ва 109 нафар ҳайати хадамоти наҷотбахш дар ҷои ҳодиса кор мекунанд. Пас аз суқути ҳавопаймо сӯхтор сар зад, аммо наҷотбахшон онро бартараф карданд, менависад NEWS.ru.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ