Дар ҳавои гарм чӣ қадар об нӯшем?
— Реҷаи умумии нӯшокӣ вуҷуд надорад, зеро он барои ҳар як шахс гуногун буда, аз якчанд омилҳо вобаста аст. Бо вуҷуди ин, дар гармӣ шахс бояд барои 30 кг вазн на камтар аз 1 литр бинӯшад,- мегӯянд терапевтҳо ва диетологҳо.
Тибқи маълумоти духтурон, дар гармӣ арақ зиёд мебарояд ва дар натиҷа талафоти он бояд ҷуброн карда шавад. Ҳаҷми ҳадди ақали истеъмоли об дар ҳавои гарм барои 30 кг вазн 1 литр муайян шудааст. Агар он кофӣ набошад, ба тамоми бадан таъсир мерасонад. Пеш аз ҳама, хун ғафс мешавад ва хавфи пайдо шудани мушкил дар системаи дилу рагҳо зиёд мешавад.
Духтурон ба ин назаранд, ки оби оддӣ, оби маъданӣ, оби лимӯ ва чойҳои гиёҳӣ барои рафъи ташнагӣ беҳтарин маҳсуб меёбанд. Дар айни замон, чойи сиёҳ ва кабуд қодир нестанд, ки талафоти оби баданро пурра ҷуброн кунанд.
Аз рӯи тавсияи духтурон истеъмоли нӯшокиҳои содаи ширин ва ҳама гунаи шарбат (тару тоза ва бастабандишуда) қатъиян манъ аст. Онҳо хеле зиёд шакар доранд, ки дар ҳавои гарм метавонад вазъро бадтар кунад.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар сурати мавҷуд будани ягон беморӣ, меъёри муносиби истеъмоли нӯшокии беҳтарин бояд бо машварати духтур муайян шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ