Дар Ҷайҳун болои заҳбур хона сохтанд

Дар ноҳияи Ҷайҳун заҳбурро пур карда, заминашро барои бунёди хона тақсим карданд. Аз чунин тақсимоти замин асосан сокинони маҳаллӣ изҳори нигаронӣ доранд. 

Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун зимни нишасти матбуотӣ, ки 17 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, гуфт, “ин ҳолатро ман ҳам намехоҳам”. Вале ӯ иддао кард, ки “пур кардани заҳбур ва тақсими замини он бо хулосаи сохторҳои дахлдору комиссияи тақсимоти замин сурат гирифтааст, ки дар доираи қонун аст”. Ин ҳам дар ҳолест, ки ихтисоси Одиназода Абдулҳафиз, раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳандис-заминсоз аст.

Ӯ мегӯяд, “вақте ба вазифа таъин шудам, он ҷоро рафта дидам. Мардум сохтмон доштанд. Ҳар як сокинро уҳдадор кардем, ки латоки борик сохта (яъне, ба ҷойи он заҳбури бо хок пуркардашуда), то ба заҳбури калон баранд”, — афзуд вай.

Заҳкаше, ки онро пур карда, заминашро ба сокинон барои сохтмони хона тақсим кардаанд, дар деҳаи Ҷӯйбори деҳоти “Қумсангир” ҷойгир аст.

Ба гуфти сокинон, солҳои пеш аз ин ҷо роҳи оҳани камбар мегузашт, ки баробари аз байн рафтани он, дар ҷояш барои ин хонаҳои дар ҷойи заҳбур бунёдшуда роҳи автомобилгард сохтанд. 

Мутаассифона, на раиси ноҳияи Ҷайҳун ва на дигар масъулин ба суоле, ки масоҳати замини тақсимшуда чанд гектар аст ва он ба чанд хоҷагӣ тақсим шудааст, ҷавоб гуфта натавонистанд.

Дар нишасти матбуотии Прокуратураи вилояти Хатлон, ки 3 феврал баргузор гардид, гуфта шуд соли 2020 ба дар маҷмӯъ 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирози прокурорӣ оварда шудааст, ки 46 дарсади он ба раисони амалкунанда тааллуқ дорад. Аз ҷамъи умумии эътирозҳои овардашуда 85 дарсади он ба масъалаи замин алоқаманд будааст.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки ба 244 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи нодуруст ҷудо намудани замин ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани замин эътироз оварда шудааст.          

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *