Дар Ӯзбекистон нафақа ва кумакпулиҳоро афзоиш медиҳанд

Шуруъ аз 1-уми апрел дар Ӯзбекистон нафақа ва кумакпулӣ 7 дарсад афзоиш меёбад. Фармони дахлдорро президент Шавкат Мирзиёев имзо кардааст.

Андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 677 ҳазор сӯм (ҳоло 633 ҳазор)-ро ташкил медиҳад, ки камубеш ба 4,5 ҳазор рубл ва 59 доллари ИМА баробар аст.

Андозаи ҳадди ақали нафақаҳо ва кумакпулиҳои маъюбӣ 747 ҳазор (ҳоло 698 ҳазор) сӯмро (тақрибан 5 ҳазор рубл ва 65 доллар) ташкил медиҳад.

Мувофиқи фармони мазкур, андозаи кумакпулӣ ба шаҳрвандони пиронсоли бе собиқаи кории зарурӣ дар як моҳ 535 000 сӯм (тақрибан 3,6 ҳазор рубл ва 47 доллар)-ро ташкил медиҳад. Маблағи кумакпулии кӯдаке, ки бо нигоҳубини кӯдаки маъюби то 18-сола машғул аст, низ ба ҳамин андоза аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *