Дар 24 соат 70 ҳазор қазоқистонӣ эм карда шуданд
Тибқи иттилои расонаҳо то 15 апрел дар Қазоқистон зиёда аз 500 ҳазор нафар ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд ва гуфта мешавад, ки танҳо дар давоми якшабонарӯзи гузашта 70 ҳазор қазоқистонӣ эм карда шуданд.
Эмгирӣ дар ҳудуди Қазоқистон ба чунин тарз сурат гирифтааст: дар шаҳри Алмато 107,2 ҳазор нафар ё 5,5 дарсади сокинони он эм карда шудаанд. Дар вилояти Алмато ҳудуди 59 ҳазор ва дар шаҳри Нурсултон 43,5 ҳазор кас ваксинаро дарёфт кардаанд.
Чанде пеш Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дода буд, ки гузаронидани оммавии ваксинаи зидди коронавирус аз 1-уми феврал дар ин кишвар оғоз шуд. Дар марҳилаи аввал онро ба табибон гузаронданд.
Қазоқистон ҷамъан ба маблағи 40 миллион доллар ваксинаи русӣ харидорӣ хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ