Ба Афғонистон Чин омад. СССР,Амрико, акнун Хитой?

Чанд ҳавопаймоҳои низомӣ ба пойгоҳи ҳавоии Баграм,ки қаблан амрикоиҳо буданд, фуруд омаданд. Дар ин бора  Daily Mail хабар медиҳад. Қайд карда мешавад, ки чанде пеш аз ин, директори барномаи чинии Маркази Стимсон Юн Сун гуфт, ки Пекин пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз истифодаи ин пойгоҳ манфиатдор хоҳад буд. Гумон меравад, ки ҳавопаймоҳои воридшуда ба Нерӯҳои Ҳавоии Чин  тааллуқ доранд. Пештар маълум шуд, ки бори аввал пас аз рафтани контингенти амрикоӣ таъминоти барқ ​​дар пойгоҳи  Баграм барқарор карда шуд. Ба навиштаи рӯзнома, ҷангиёни ҳаракати радикалии Толибон (созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) барои мустақилона  нигоҳ доштани пойгоҳи низомӣ таҷриба ва захираҳои кофӣ надоранд. Ҳамзамон ҳузури нерӯҳои чинӣ дар қаламрави Афғонистон ба кишвар имкон медиҳад, ки бо ҳукумати нави ҷумҳурӣ робита барқарор кунад. Рӯзи 16 сентябр хабар дода шуд, ки Ван И, вазири умури хориҷии Чин аз Иёлоти Муттаҳида даъват кардааст, ки масъулияти бозсозии Афғонистонро бо расонидани кӯмаки иқтисодӣ ва башардӯстона ба ӯҳда гирад. Ба гуфтаи ӯ, шитобкорона баровардани низомиёни амрикоӣ ва муттаҳидони онҳо ба кишвар  мушкилоти зиёди нав зам кардааст. Дипломат қайд кард, ки Вашингтон наметавонад «танҳо масъулиятро аз худ дур кунад ва даст шӯяд». Ин гуфтаҳо шояд як огоҳие ба Амрико бошад,ки “шумо рафтед, мо меоем…”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *