Дар “Баҳри тоҷик” сокини Зафарободро наҷот доданд

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд як ҷавонро дар обанбори “Баҳри тоҷик” аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти КҲФ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи 14-уми июн наҷотдиҳандагони патрулии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо дурбин шаҳрвандеро мушоҳида кардаанд, ки ҳангоми оббозӣ дар обанбори “Баҳри тоҷик” дар наздикии осоишгоҳи “Соҳил” ба минтақаи хатарнок шино карда, аллакай ба ғарқ шудан оғоз кардааст. Онҳо дарҳол ба ҷои ҳодиса расида, ҷавони беэҳтиётро аз гирдоб берун овардаанд. Маълум шудааст, ки ӯ сокини 20-солаи ноҳияи Зафаробод будааст.

«Ба ҷабрдида ёрии аввалия расонида шуда, ӯ аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ кард»,- хабар медиҳад хадамоти мазкур.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *