Дар Бохтар Бемористони қалб гуфта, дандонпизишкӣ кушоданд

Ҳанӯз соли 2013 дар шаҳри Бохтар сохтмони Маркази ташхису табобатии қалб оғоз шуда буд. Бо гузашти қариб даҳ сол иншооти мавриди назар ба истифода дода шуд, вале на ҳамчун Маркази ташхису табобатии қалб, балки чун Маркази стоматологӣ.

Ибод Шаҳбозхонов, сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон ахиран дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки бо як қарори раиси вилояти Хатлон аз соли 2021 Маркази ташхису табобатии қалб ба Маркази дандонпизишкӣ иваз карда шудааст, вале сабаби чунин тағйиротро шарҳ надод.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарии хеш, ки моҳи феврали соли равон баргузор гардид, гуфт, мавзеи ҷойгиршавии бино барои беморхонаи қалб муносиб нест, бинобар ин, ӯ бо роҳбарияти мақомоти вилоят чунин тасмим гирифтааст. “Маркази дандонпизишкӣ дар як бинои иҷора менишаст. Умуман ба ягон талабот ҷавобгӯ набуд. Беморхонаи қалбро ба беморхонаи чашм, ки дар ҷойи ором ва лаби дарё ҷойгир аст, мегузаронем. Беморхонаи чашм бошад, ба ҳудуди беморхонаи вилоятӣ гузаронида намешавад”,- гуфт Қурбон Ҳакимзода ва тасдиқ кард: “Дар ҳақиқат маркази табобати қалб, ки дар марказ фаъолият мекунад, ба ягон талабот ҷавобгӯ нест”.

Воқеан ҷойи таассуф аст, ки минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо вуҷуди 13 шаҳру ноҳия ва садҳо ҳазор аҳолӣ доштанаш, ҳанӯз як маркази муосири табобати бемориҳои қалб надорад. Бинои феълан истифодашаванда ба талабот ҷавобгӯ нест. Он дар мавзеи нимобод ҷойгир буда, аз як ошёнаи пастак иборат аст. Бинои кунунии марказ ҳамагӣ нуҳ ҳуҷра дорад. Утоқҳои кории кам ва роҳрави бениҳоят тангу торик дорад. Дар як утоқ ҳам таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз аст ва ҳам духтур ба қабули беморон машғул аст, ки ин хилофи меъёрҳост. Аммо аз ноилоҷӣ кам не, 30 сол аст, ки дар чунин шароити ногувор Маркази табобати бемориҳои қалб фаъолият дорад. 30 сол аст, ки табибон ба бинои барҳавою мувофиқ сахт ниёз доранд. Мутаассифона, интизориҳо ҳанӯз идома хоҳанд кард.

— Аз набудани ҳуҷраҳои хоб, беморони дорои ҳолати вазнин аз ин марказ ба шуъбаи қабули Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов бурда мешаванд. Мутаассифона, бемори вазнин ногузир бояд ҳам шиддати роҳро таҳаммул кунад ва ҳам аз як маркази нисбатан муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ба як шуъбаи хурд равад,- гуфтанд аз Беморхонаи бемориҳои дил. 

Танҳо дар як соли 2021-ум аз сабаби бемории дилу рагҳо 61 фавт дар беморхона ва 17 фавти дигар дар хона ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, соли сипаришуда дар маҷмуъ 206 нафар бемории дилу рагдошта ҷарроҳӣ карда шудаанд.

Ба андешаи инҷониб, тағийр додани як қарор чандон кори мушкил нест. Яқинан, қароре, ки Маркази ташхису табобатии қалбро ба Маркази дандонпизишкӣ иваз кард, “Каломуллоҳ” нест, ки иваз карданаш ғайри имкон бошад. Бино боз ба аслаш баргардад, кори хайру савоб мешавад.

Масъулон чӣ мегӯянд?

Машраби АЛОВИДДИН, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *