Дар Бохтар гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Ин мусобиқаи миллӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Рухшонаи Шералӣ — мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки мусобиқаи гӯштини миллӣ бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ресанда» гузаронида мешавад. Ӯ афзуд, ки мусобиқаи мавриди назар 22.03.2023 дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар мегузарад.
Дар назар аст, ки дар ин мусобиқаи миллӣ паҳлавонони саршиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Ташкилкунандагон барои ғолибон мукофотҳои олӣ ва шоҳҷоиза таъсис додаанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ