Дар чорбоғ яккаписарро барои муносибати ошиқонааш зада куштанд
Сокини деҳаи Чорбоғи Панҷакент ва падари ҷавони фавтида, мегӯяд, то замони марги писари ягонааш аз муносибати ошиқонаи ӯ бо зани соҳиби оила хабар надошт.
Аъзои як оила дар шаҳри Панҷакент иддао доранд, ки хешовандони зане барои гуё муносибатҳои ошиқона, писари 22-солаи онҳо – Бахтиёр Холовро зада куштаанд
Талошҳои мо барои гирифтани назари зан то ин дам бенатиҷа буд. Баъзе аз пайвандонаш нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Як шахси огоҳ аз қазия мегӯяд, зан соҳиби шавҳару як кӯдак аст ва хешовандон пас аз фаҳмидани гуфтугӯҳои телефонии ӯ, ҷавонро латукӯб карданд.
Ҳодиса охири моҳи феврали имсол рух дода, як нафар дастгир шудааст.
Садриддин Холов, сокини деҳаи Чорбоғи Панҷакент ва падари ҷавони фавтида, мегӯяд, то замони марги писари ягонааш аз муносибати ошиқонаи ӯ бо зани соҳиби оила хабар надошт.
«Дар ҳар сурат, омода будам, дар ҳолати ронда шудани зан бо як фарзандаш, ӯро бо писарам оиладор кунам», — гуфт ӯ рӯзи 7-уми апрел
Ба нақли Холов, писараш се рӯз дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон буд ва сипас даргузашт: «Рӯзи 28-уми феврал ба ман занг зада гуфтанд, ки писаратро аз хонаи мо бар. Замоне расидам, писарам беҳуш дар миёни хона хобида буд. Дар онҷо чанд марду зан буданд ва ба ман низ ҳамла карданд.»
Муфаттишони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент дар робита ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, вале ҳанӯз таҳқиқ ба поён нарасидааст.
Як нафар дар ШКД-и Панҷакент бе зикри ном рӯзи 7-уми апрел гуфт, падари зани ҷавон бар асоси моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) муттаҳам аст ва ҳоло дар боздошт аст.
Пайвандони ҷавони фавтида аз мақомоти интизомӣ талаб доранд, ки қазияро ҷиддӣ таҳқиқ кунанд ва, ба гуфтаи онҳо, “омилони дигар”-и марги писарашонро низ ба ҷавобгарӣ кашанд. Онҳо бовар доранд, дар ин ҳодиса на як нафар, балки чанд нафар даст доранд.
Хешовандони зан ва хонаводаи шавҳари ӯ дар бораи ин ҳодиса суҳбат накарданд.
Танҳо як нафари огоҳ аз қазия гуфт, «шавҳари А.Э., зани 23-сола, дар Русия аст ва ӯ бо як фарзанд ҳамроҳи волидони шавҳараш зиндагӣ мекунад. Вақте мефаҳманд, келини хонадон бо ин ҷавон суҳбати телефонӣ дорад, ӯро даъват карда, барои ин кораш “ҷазо” медиҳанд. Падару модари занро низ даъват мекунанд ва ҳодиса дар шоҳидии онҳо рух медиҳад.»
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, қонунҳои Тоҷикистон муҳокимаву муҷозоти худсаронаро иҷозат намедиҳанд ва танҳо ниҳодҳои дахлдор ҳақ доранд, ба дурустиву нодурустии аъмоли шаҳрвандон баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.
Ҷомеашиносон мегӯянд, аз нуқтаи назари одобу ахлоқ, чунин ҳодисаҳо дар ҷомеа «обрӯрезанда» аст, вале дар қонунгузории кишвар «моддаи хиёнат ба оила» вуҷуд надорад.
“Озодӣ”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Все комментарии