Дар Донишкадаи политехникӣ маркази таъмири автомобил боз шуд

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд исгоҳ ё худ маркази таъмири автомобилӣ ба фаъолият оғоз кард.

Дар ин бора 16-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкадаи мазкур ба намояндагони ВАО хабар дод.

“Дар соли 2020 истгоҳ (стансия)-и и таъмири автомобилӣ фаъолияти худро ба роҳ монд. Минбаъд шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд метавонанд аз ин хизматрасонӣ истифода баранд. Дар дохили стансияи таъмири автомобилӣ ду синфхонаи таълимӣ мавҷуд аст, ки минбаъд курсҳои омӯзишӣ ташкил намудан мумкин аст”,-иброз дошт Дилафрӯз Саидӣ.

Дилафрӯз Саидӣ иттилоъ дод, ки соли сипаришуда хобгоҳи донишкада пурра таъмир гардид, ки он дорои 450 ҷой аст. Дар хобгоҳ ҳамаи шароит барои зиндагӣ, таълим ва истироҳат ба донишҷӯён муҳайё мебошад. Дар ошёнаи якуми хобгоҳ ҳуҷраи ҳунарҳои мардумӣ ва дарздӯзӣ барои духтарон ташкил шудааст.

Ҳоло   дар сохтори донишкада 4 факултет, 13 кафедра, 4 марказ ва 9 шуъба амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 167 синфхонаи таълимӣ, 36 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 технопарк, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона мавҷуд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *