Интерпол

Дар Душанбе ҷаласаи «Интерпол» доир мешавад

Дар назар аст, ки рӯзҳои 29-30 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ  баргузор гардад.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ин ҷаласа таҳти роҳбарии Директор оид ба ҳамкории глобалии Котиботи генералии Интерпол Абдулазиз Убайдулло бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва намояндагони зиёда аз 16 давлати ҷаҳон доир мешавад.

“Дар ҷаласа масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкории судманд дар доираи Ташкилоти байналмилалии «Интерпол», амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибат дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад”,-иттилоъ доданд аз ВКД.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *