Дар Душанбе аз Устод Раббонӣ ёд карданд
Имрӯз, 21 –уми сентябр дар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ёдбуди Устод Бурҳонуддин Раббонӣ баргузор шуд.
Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон саҳми Устод Раббониро дар мубориза барои сулҳу осоиш дар хоки Афғонистон муҳим арзёбӣ кард.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо аз Бурҳонуддин Раббонӣ ҳамчун шахсияти боматонат, таҳаммулгаро, инсондӯст, дурандеш ва сиёсатмадори варзида дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва берун аз он бо некӣ ёдовар шуда буд. Нақши ӯ дар талошҳои пайгирона ба хотири истиқрори сулҳу оромӣ дар минтақа ва Афғонистон назаррас аст.
Ҳамчунин, Бурҳонуддин Раббонӣ ба унвони як сиёсатмадори шинохта дар раванди сулҳи тоҷикон саҳмгузор буд.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ