Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс баргузор мешавад
Аз 10 то 14 ноябр дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» баргузор мешавад.
Дар ин бора ба Pressa.tj аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки имсол дар фестивал коллективҳои рақсӣ аз Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Молдова ва Русия иштирок мекунанд, ки ин имконияти беназири табодули таҷрибаи фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои эҷодии байни кишварҳоро фароҳам меорад.
Фестивал ба рушди санъати рақс ва таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо равона шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ