Дар Душанбе олимпиадаи байналмилалӣ баргузор мешавад

Аз 1 то 7 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи байналмилалии “ISI junior” баргузор мегардад. Бино ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар ин олимпиада 27 дастаи олимпии наврасон бо иштироки 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, хонандагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ дар олимпиадаи мазкур ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, олимпиадаи мазкур дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, рақобатпазир гардидани хонандагон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии пойтахт баргузор мешавад.

Дар ҳошияи олимпиада семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯъҳои “Роҳҳои дарёфт ва омода намудани хонандагон ба олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022”, “Олипиадаи фаннӣ чун воситаи ташаккули заҳираҳои зеҳнии шахсият” ва “Ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ дар олимпиадаҳо аз фанҳои дақиқ ва фарқияти онҳо аз ҳалли масъалаҳои анъанавӣ” ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *