Дар Душанбе Паради ҳарбӣ баргузор шуд
Маросимҳои асосии таҷлил аз 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 8 сентябр бо гашти низомӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе оғоз шуданд.
Дар маросими расмии гашт ё паради низомӣ дар маркази Душанбе, беш аз 16 ҳазор ҷузъу томҳои мухталиф, бо шумули бонувони низомӣ, иштирок карданд.
Дар ин маросим, ки мустақиман тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ пахш шуд, Президент, раисони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олӣ, сарвазир ва дигар мақомоти баландпояи кишвар ширкат карданд. Президенти Тоҷикистон қабл аз оғози гашти низомӣ дар суханронии кӯтоҳи худ низомиёни кишварро ба ҳушёриву зиракӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар даъват кард.
Дар парад аз техникаи ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳо истифода нашуд, аммо низомиёни аспсавор ё кавалерия ва сагҳои хизматӣ аз майдон гузаштанд. Ин сеюмин паради ҳарбӣ аст, ки дар он низомиёни зан ҷалб гардидаанд.
Маросимҳо ба муносибати Рӯзи Истиқлол дар тамоми минтақаҳои кишвар идома доранд. Бино ба маълумоти Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, субҳи рӯзи 9 сентябр ҳудуди 50 ҳазор донишҷӯву шогирди мактабҳо ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то Исмоили Сомонӣ раҳпаймоӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ