Дар Хуҷанд даври шаҳрии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор шуд

Дар тарабхонаи “Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” бо иштироки фаъолони 22 адад маҳаллаҳои шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ҳар як маҳалла намунаи хўроку анвои хўрдании хешро бо санъату маҳорати хоса бо такя ба анъанаҳои миллӣ ба маърази тамошо гузоштаанд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷараёни баргузории озмун ошноӣ пайдо намуда, аз ҷумла зикр кардаанд, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо эҳёи таъомҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги рӯзгордорӣ, омода намудани духтарон ба маданияти оиладорӣ ва сайқали маҳорати кадбонугии онҳо, эҳё ва рушди анъанаҳои ниёгон дар ҷодаи пухтани таъомҳои миллӣ ва иззату икроми меҳмондорӣ мебошад.

Ҳайати ҳакамони озмун зимни баҳодиҳӣ аз рўйи нишондиҳанда ва меъёрҳои маҳорати омодакунии таъомҳои миллӣ ва сифати он, сатҳ ва тарзи муаррифӣ намудани маҳсулоти омодакардашуда, ҳамзамон ба навоварӣ, сарфакорӣ ва ташаббускории он баҳогузорӣ намудаанд.

— Ҳамин тавр, озмун ғолибонро муайян намуд. Мақоми аввалро намояндагони маҳаллаи “Навбаҳор”, ҷойи дуюмро маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” ва зинаи сеюмро маҳаллаи “Содирхон Ҳофиз” ба даст оварданд. Ба ғолибон диплом ва ткҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, тамоми маҳаллаҳои шаҳр бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *