Дар Хуҷанд тарабхонаи «Форел» месозанд

Тарабхонаи «Форел» дар канори дарёи Сир бунёд шуда истодааст, ки аз рафти сохтмони он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шинос шуд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, тарабхонаи «Форел» бо мақсади ҷалби сайёҳон, бахусус ҷаҳонгардони хориҷӣ бунёд гардида, дар атрофи он ташкили мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Алҳол корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар ошёнаи якум ва дуюми иншоот идома дошта, 20 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардидаанд. Масоҳати тарабхона, ки аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст, 960 метри мураббаъ аст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи баландсифат, ороиши бино бо истифода аз унсурҳои миллӣ супоришҳо дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *