вода

Дар ин гармо аз беобӣ ба ҷон омадаем!

Як гурӯҳи сокинони кӯчаи Испечак-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят карданд, ки инак чанд ҳафта боз аз беобӣ дар ин рӯзҳои гармои тоқатфарсои тобистон ба ҷон омадаанд ва аз мақомоти масъули пойтахт хоҳиш мекунанд, ки ба мушкили сокинон ҳарчи зудтар расидагӣ кунанд.

“Аз шумо хоҳиш, 1 ё 2 моҳ шуд, ки дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Испечак-2 ҳар шаб аз соати 22:00 обро қоқ мекунанд. Дар ин фасли гармои тоқатфарсо аз кор меоем, об нест, ки оббозӣ кунем ва ё либосҳои дар арақи бадан тарро бишӯем. Аз масьулини идораи обу корез (“Водоканал”) пурсида мешавад, ки сабаби қоқ кардани об чист? Ва ин ҳол то кай давом мекунад?”,- менависанд сокинони кӯчаи Испечак-2.

Онҳо аз масъулин хостаанд, ки ба мардум дар ин рӯзҳои гармо ҷабр накунанд ва ин мушкилро рафъ намоянд. Умед аст, ки масъулини идораи обу корези шаҳр мушкили оби сокинонро рафъ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *