Дар Испания 3 рӯз мотам эълон шуд
Дар Испания аз 31 октябр то 2 ноябр дар робита ба марги ҳадди аққал 70 нафар дар натиҷаи обхезӣ мотам эълон шудааст.
Дар натиҷаи обхезиҳо дар минтақаи Валенсияи Испания ҳадди аққал 51 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора мақомоти маҳаллии минтақа хабар додааст.
Амалиёти наҷот дар минтақаҳои зарардида идома дорад ва то ҳол шумораи дақиқи фавтидагон муайян нагардидааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр мешаванд, ки дар онҳо ҷараёни об пулҳо ва мошинҳоро шустааст. Дар баъзе видеоҳо одамон барои гурехтан аз обхезӣ ба дарахтон мебароянд.
Тибқи маълумоти расонаҳои испанӣ, дар тӯли ҳашт соат дар Валенсия 491 мм борон борид, ки ин ҳаҷм тақрибан ба меъёри солона мувофиқат мекунад.
Агентии давлатии обуҳавошиносии Испания сатҳи баланди хатарро дар Валенсия ва қисматҳои Андалусия эълон кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ